- сӯхтан
- [سوختن]1. оташ гирифтан, даргирифтан2. оташ задан, сӯзондан, даргирондан3. аз расиши оташ, оби ҷӯш ё дигар моддаи сӯзонанда осеб дидани ягон узв; сӯзиш кардан4. даргирифта равшанӣ додан (мас., чароғ, шамъ)5. маҷ. талаф шудани мол, пул ва меҳнати касе; нобуд шудан, аз байн рафтан, барбод рафтан6. аз беобӣ хушк ва нобуд шудан (кишт)7. афсӯс хӯрдан, ҳайфу дареғи касе ба чизе; ғусса кашидан, аз дарду алам дилафгор шудан8. рашк бурдан, ҳасад кардан; сӯхтану сохтан ба дарду мусибат ва ба ҳасрату ғам тоб овардан; дил сӯхтан (ба касе ё чизе) афсӯс хӯрдан, раҳм омадан, тараҳҳум кардан; димоғ сӯхтан (аз чизе) дилгир шудан, хафа шудан; дар офтоб сӯхтан гандумгун шудани пӯсти бадани одам аз зиёд истодан дар зери офтоб хонаат сӯзад! хонавайрон шав!
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.